Заминаи устувор дар рушди ҳунармандӣ

DSC_2911

Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо ҳунармандони муассисаи таълимӣ ва омӯзишии адрасу атласбофии шаҳр вохӯрӣ намуданд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Манзура Юсуфова оид ба имтиёзҳо ва дастгириҳои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати кишвар ҳарф зада, таъкид намуд, ки ин ҳама ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллӣ нигаронида шудаанд. Ҳунармандонро зарур аст, ки аз ин имконот оқилона истифода баранад ва дар баробари рушду муаррифии ҳунармандӣ зиндагии худро обод созанд.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ занони ҳунарманд оид ба фаъолияти омӯзишиву истеҳсолии маркази мазкур, аз ҷумла, истеҳсоли атласу адрас маълумот дода, зикр карданд, ки эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бешубҳа, заминаи устувореро дар рушди ҳунару ҳунармандӣ гузошта истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>