Омодагии ҳизбиён ба 5500 солагии Саразми бостон

20190405_103139

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Пойгоҳи бостоншиносии “Саразм” аз фаъолияти семоҳаи ҳизбиёни ин ташкилот натиҷагирӣ карданд. Дар ин давра, аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар баробари фаъолияти тарғиботӣ бо таҳияи матолиби гуногуни илмӣ-оммавӣ нақши ин ёдгории беназири бостониро муаррифиву таҳқиқ намуданд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 5500-солагии бостоншаҳри Саразм дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад ва яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар ҷаласа омодагӣ ба ин санаи фархунда буд.

Аъзои ташкилот тасмим доранд, ба пешвози 5500-солагии Саразми бостон фаъолияти пурсамари илмиву таҳқиқотӣ бурда, онро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Мудири шўъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Парвина Тошева шаҳраки Саразми бостониро чун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ниёгон арзёбӣ намуда, ба фаъолияти ташкилот барор ва дар назди масъулон ҷиҳати равнақ додани фаъолияти ҳизбӣ вазифаҳо гузошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>