Эътирофи чакан дар ЮНЕСКО ин эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ аст

DSC_2913

Бахшида ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷикон бо ҷавондухтарони Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ мутахассиси кумиҷроия Раҳматулло Худоёров ва аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Малика Исмоилова иштирок намуда, қайд карданд, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Боиси хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Оши палав” ва “Наврӯз” ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Дар ин росто рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>