«ҲХДТ ҳамқадами саодати Ватан”

1554475082_5ca7684a94f90

Дар толори коллеҷи технологии шаҳри Конибодом бо иштироки занони фаъоли касбу кори гуногун бахшида ба 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввардоир гардид. Дар он, ки “ҲХДТ ҳамқадами саодати Ватан” унвон дошт, доир ба таърих, марҳилаҳои рушд ва рисолати он дар назди ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Бобоҷонзода Азимҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз фаъолияти кумиҷроияи шаҳрӣ, нақши аъзои он дар бунёдкориву созандагӣ ва амалигардонии ҳадафҳои Ҳукумату ҳизб, ки ба ҳам тавъаманд, ҳарф зад.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон  бобати дастовардҳои ҲХДТ ҳарф зада, қайд кард, ки дар зарфи 25 соли фаъолияташ ҲХДТ ба нерӯи бузург табдил ёфта, аъзову ҷонибдорони он дар кулли дастовардҳои шоистаи кишвар ҳиссагузоранд.

Ба гуфтаи Шарифзода Аминҷон кумиҷроияи вилоятӣ тасмим дорад бахшида ба муносибати 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ як зумра иқдомҳои шоиставу созандаро ба роҳ монад. Аз ҷумла, ҷиҳати тарбияи маънавии ҷавонон ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷомеа ташкили мулоқотҳои судманд дар деҳотҷойҳо дар назар аст.

Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳимӣ Фирӯзахон аз нақши бонувони ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафу ғояҳои ҲХДТ ҳарф зад. Аз занони фаъол даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти тарғиботии худро ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила нисбати зан, пошхӯрии оилаҳо равнақ диҳанд.

Хайринисо Темирова, узви Шӯрои занони ҲХДТ дар вилоят оиди “Нақши ҲХДТ дар рушди устувори сиёсати давлат” сухан кард. Доираи “Саҳми ҲХДТ дар таъмини фазои иттилоотии вилоят” Моҳира Раҳимзода, муҳаррири масъули нашрияи ҳизбии “Сухани халқ” маърӯза кард.

Як қатор занони фаъоли касбу кори гуногун оиди пешравиҳои соҳа ва нақши ҲХДТ дар рушди диёр сухан намудан.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>