Мулоқот дар шакли интерактивӣ

IMG_0959

Чунин мулоқотро КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо хатмкунандагони МТМУ №29 доир кард. Сӯҳбати озоду ошкоро имкон дод, ки хонандагон вобаста ба шавқ, касби интихобменамудаи хеш ва нақшаҳои ояндаашон ибрози назар намуда, аз масъулон маслиҳат пурсанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва мудири  шўъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Мавлуда Тоҷиева оид ба идомаи таҳсил, интихоби дурусти касбу ҳунар бо хамкунандагон ҳарф заданд.

Зимни ин вохӯрӣ хатмкунандагон низ хеле фаъол буданд, ба суолҳояшон посух гирифта, қайд карданд, ки дар оянда донишу малакаи хешро баланд бардошта, ба халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>