Афзоиши аъзо – баёнгари болоравии нуфузи ҳизб

IMG_20190329_094232

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизб созандаву бунёдкор аст ва барномаву ҳадафҳояш баровардасозандаи орзуву ормонҳои халқ мебошад”,- таъкид шуд, зимни мулоқот бо мураббиёни кӯдакистони №19-и шаҳри мазкур. Аз ҳамин муассиса чанд нафар мураббияҳо ба узвияти ҳизб пазируфта, шаҳодатномаҳои ҳизбии онҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Мудири шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова зикр кард, ки аъзои ҲХДТ будан ифтихори баланд аст. Зеро ҲХДТ бо раҳбарии Пешвои муаззами миллат таъмини зиндагии шоистиаву босаодати халқро пеша кардааст. Ва мусоидат дар ин рисолати бузург барои ҳар узви ҲХДТ масъалияти ҷиддиро талаб карда, дар баробари ин шарафи бузург аст.

Дар шаҳри Конибодом сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меафзояд. Дар натиҷаи татбиқи босамари барнома ва ҳадафҳои созандаи ҳизб дар баробари нуфузи ҲХДТ шумораи хоҳишмандони аъзошаванда низ меафзояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>