Ҳарфи сабз

48393289_1016186

PR: Имсол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат як силсила чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва адабӣ ба нақша гирифта шудаанд ва то имрӯз як зумра дар сатҳи баланд доир шуданд, ки яке аз онҳо Конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳсуб мешуд.

Мусаллам аст, ки дар доираи таҷлили ин ҷашни фархунда як силсила конфронсҳои илмӣ боз ҳам идома карда, таърих, марҳилаҳои рушди ин ҳизби пешбар матраҳ мегарданд. Дар ҳақиқат, роҳи тайкарда, марҳилаҳои рушди ҲХДТ дар ин давра дорои аҳамияти бузурги илмӣ мебошанд.

Имрӯз даҳҳо мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳо ва иқдомҳои наҷиб ба хотири таҷлили сазовори ин санаи фархунда доир гашта истодаанд, ки барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ аҳамияти хоса доранд.

Воқеан, давоми 25 соли фаъолияташ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ҳизби мардумӣ табдил ёфта, тавонистааст ормонҳои халқро бароварда гардонад. Яке аз муваффақияти ин ҳизби сиёсӣ аз кору пайкори ибратбахши Роҳбари муаззамаш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғояҳои созандаи ҳизб маншаъ мегарад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузургеро муттаҳид кардааст, ки бо сарварии Раиси муаззамаш, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини зиндагии шоистаи халқро дар маҳаки фаъолияти хеш қарор додааст.

Ин ҷашни фархунда барои кулли аъзову ҷонибдорони ҲХДТ муборак аст. Аз он ҷумла, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо илҳоми тоза ҳарфи сабзе ҳадя фармудааст, ки манзури ҳаводорон мегардонем.

Ба 25–солагии ҲХДТ бахшида мешавад

Мурод ШУКУРЗОДА

 

Паёми ҷовидон

 

Ба бахти мардуми Ватан,

Чу нури рӯшани саҳар,

Дамидӣ аз канори шаб,

Набуд бокат аз хатар.

 

Иродаи яқин туӣ, мароми ин замон туӣ,

Барои халқи сарзамин паёми ҷовидон туӣ!

Ҷасорат аст Ҳизби Халқ, Асолат аст Ҳизби Халқ,

Рафоқат аст Ҳизби Халқ, Саодат аст Ҳизби Халқ.

 

Ба сӯи қуллаи зафар

Задӣ қадам ту устувор.

Чу нангу ном бар танат

Бидод қуввату мадор.

 

Иродаи яқин туӣ, мароми ин замон туӣ,

Барои халқи сарзамин паёми ҷовидон туӣ!

Ҷасорат аст Ҳизби Халқ, Асолат аст Ҳизби Халқ,

Рафоқат аст Ҳизби Халқ, Саодат аст Ҳизби Халқ.

 

Зи ҷӯши халқ ҷӯши ту,

Ба роҳи Пешво равон.

Ниҳода дар замири худ

Асолати гузаштагон.

 

Иродаи яқин туӣ, мароми ин замон туӣ,

Барои халқи сарзамин паёми ҷовидон туӣ!

Ҷасорат аст Ҳизби Халқ, Асолат аст Ҳизби Халқ,

Рафоқат аст Ҳизби Халқ, Саодат аст Ҳизби Халқ.

 

Бипошӣ дона бар замин,

Зи хок зар бирӯядат.

Чу дашту кӯҳ гул кунад,

Ватан сано бигӯядат.

 

Иродаи яқин туӣ, мароми ин замон туӣ,

Барои халқи сарзамин паёми ҷовидон туӣ!

Ҷасорат аст Ҳизби Халқ, Асолат аст Ҳизби Халқ,

Рафоқат аст Ҳизби Халқ, Саодат аст Ҳизби Халқ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>