ИЗҲОРОТИ кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ дар ҳошияи ҳушёрии сиёсии ҷавонон ва нагаравидан ба ҳизбҳои иртиҷоӣ

ИЗХОРОТ

Аз азал ҳар қавму миллат, дар баробари арзи ҳастӣ намудани худ, дар доираи кишвар қоидаву қонуниятҳои хоси худро дорост. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистони тозаистиқлол низ гарчанде, ки нав ба замони мустақилияту эҳёи сулҳу субот қадам гузошта бошад ҳам, барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани ин осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвоангезон бар гирдбоди заволёбӣ афтад.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони кунуниро сиёсатбозиҳои иддае фаро гирифтаву барои пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби терористиву экстремистӣ тамоми олам чораву тадбирҳои заруриро меандешанд. Умуман, дар шароити имрўза кўшишҳои аҳли ҷамъияти умумиҷаҳонӣ дар доираи муқобилият ба терроризм пеш аз ҳама ба муборизаи зидди созмонҳо ва ҳаракатҳои устувор нигаронида шудаанд.

Ҳадафи асосии тамоми олам дар мубориза бар зидди тероризм дар он аст, ки мардуми сайёра дар тинҷиву амони зиндагии орому осуда дошта бошанд ва ҳуқуқҳои умумибашарӣ пурра ҳимоякарда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>