Ташрифи Пешвои миллат моро рӯҳу илҳом бахшид

LOGO

Солҳои охир кишварамон торафт ободу шукуфо гашта истодааст. Ноҳияи Спитамен аз ин раванд истисно набуда, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиёда аз 400 иншоот сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Боиси ифтихор ва сарфарозии сокинони ноҳия аст, ки дар рӯзи нахустини моҳи апрел Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо ташриф оварданд. Дар ин рӯз он кас дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия майдони Парчами давлатӣ ва  Нишони давлатиро, ки ҳиссиёту эҳсосоти ватанпарварии сокинони ноҳияро боз ҳам баландтар мегардонад, ифтитоҳ намуданд.    Ҳамчунин, зимни сафари корӣ бинои боҳашамати фарҳангӣ, ки дар он осорхонаи таърихӣ, китобхона ва мактаби мусиқӣ ҷойгир аст, инчунин, қасри фарҳанги деҳоти Куруш, заводи равғанбарорӣ, бинои адлия ва ду майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Мо ҳизбиён ва сокинони заҳматкаши ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба хотири амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҳукумати кишвар ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дучанд заҳмат кашида, барои ободиву сарсабзии диёри хеш хоҳем кӯшид.

 

Умедахон Мухитдинова,

сармутахассиси бахши ҷавонон

ва иттилоотии кумитаи иҷроияии

ҲХДТ дар н.Спитамен  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>