Мубориза бо терроризм дастҷамъӣ мехоҳад

Террор__

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили зуҳуроти ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст, ки ин зуҳуроти номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ афзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузоштааст. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш –таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини равонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст, ки оқибати он ба бесуботӣ ва вайронкорӣ мерасонад. Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Қайд кардан ҷоиз  аст, ки дар шаҳри Душанбе Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ, ки ба мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, баргузор гардид, андешаҳои амиқу мушахасро пешниҳод намуданд. Баргузории ин гуна ҳамоиши бонуфуз дар Тоҷикистон аз мақому манзалати шоистаи давлати мо дар байни кишварҳои олам дарак медиҳад ва ифодагари таваҷҷӯҳи беандозаи Пешвои миллат ба тинҷиву осудагии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаи худ аз набзи сайёра сухан оғоз намуда,зикр намуданд, ки “зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ оид ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои Стратегияи Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хуруфотпарастиву ифротгароӣ, инчунин, таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар суханронӣ намуданд.

Дар ин замина, бо ташаббус ва ибтикорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ба тавсиб расид. Дар ин замина  қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 05 январи соли 2017, таҳти №01 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» ва қарори Раиси Ҷамоати Ёва аз 12-уми январи соли 2017, таҳти №03 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар Ҷамоати деҳоти Ёва» қабул карда шуд. Доир ба иҷрои фармону қарорҳои мазкур нақшаи дохилиидоравии ҷамоат таҳрезӣ карда шуда, ба ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ҷамоат дастрас шудааст.

Тибқи нақшаи раиси Ҷамоат дар ҳамаи кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо доир гардиданд, ки яке аз рӯзномаи ин ҷаласаҳо оид ба мавзӯи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, терроризму эктремизм доир карда шуд;

Ҳамзамон, моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии ҷамоат дар маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, чойхонаву кӯчаҷо вохӯриву сӯҳбатҳо бо сокинони ҷамоат доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризим корқои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар байни бо оилаҳои ноустувор, майзада, шахсони аз маҳбас озодшуда, шахсоне, ки дар муассисаҳои ғайрирасмӣ таълимоти динии хориҷӣ гирифтаанд ва баргардонида шудаанд, оилаҳои осебпазир ва бесаробон, шахсони аз муҳоҷират баргашта сӯҳбатҳо доир карда шуданд. Доир ба пешгирии шомилшавии хонандагону наврасон дар муассисаҳои таълими ҷамоат дар ҳамҷоягӣ бо кормандони шӯъбаи минтақавии милитсия Ёва вохӯрӣ оид ба мавзӯи «Мо зидди терроризм ва эктремизм», «Терроризиму эктремзм ватан, дин, мазҳаб надорад» доир карда шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон бо гурӯҳи террористию эктремистӣ дар муассисаҳои таълимӣ доир ба ин барнома гӯшаи махсус, оид ба оқибатҳои нохуши ҳодисаҳои номатлуби дорои характери экстремистӣ ва террористидошта насб карда шудааст.

Гарчанде ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда бошад, ҳам ин моро қонеъ карда наметавонад, зеро ки дар ҷомеаи мо имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, ки ба чунин роҳҳо шомил шудаанд.

Ҳамасола  дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баракс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба субботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Мо фаъолон  барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» корҳои фаҳмонидадиҳиро байни ҷомеаи шаҳрвандӣ пурзӯр менамоем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Дар мубориза бо ин зуҳуроти аср, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аксари фаъолони ҷамоатро ташкил медиҳанд, саҳми шоиста доранд.

 

Ҳасанҷон ШЕРАЛИЕВ,

раиси Ҷамоати деҳоти Ёва,

Раъно ХОЛМАТОВА,

муовини раиси

ҷамоати мазкур

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>