ҲХДТ – дастгиру пуштибони ҷавонон

P90405-122628

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом мулоқот кард.

Дар мулоқот доир ба ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон сухан рафта, зикр шуд, ки тӯли 25 соли фаъолияташ ҳизби мазкур дар назди ҷомеа рисолати волоро ба ҷо овардааст. Аз ҷумла, ҲХДТ бо барнома ва ҳадафҳои созандааш дар таъмини зиндагии осудаҳолонаи мардум нақши муассир дорад. Аминҷон Шарифзода қайд кард, ки ҲХДТ дастгирии ҷавононро, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбанд, дар барномаи худ афзалият дода, пайваста аз иқдомҳои наҷиби ҷавонон дастгирӣ мекунад. Феълан, ҷавонон аз нерӯи созанда ва пешбарандаи давлат ва ҳамзамон ҲХДТ ба ҳисоб мераванд.

Зимнан, аз пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия карда шаванд. Дар ин ҷода аъзо ва фаъолони ҳизб низ нақши муҳим доранд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон низ доири мавзӯъ андешаҳояшро баён намуда, таъкид дошт, ки кумиҷроия ва фаъолони ҳизб дар тарбияи маънавии ҷавонон бо баргузории чорабиниҳои ҳадафрас ҳиссагузор мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>