Мулоқот дар Зебон

IMG_1015

Гурўҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз деҳаи Зебони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан боздид намуда, бо сокинони он дар мавзўъҳои муҳими рўз сӯҳбат орост.

Муовини раиси кумиҷроия, мудири шўъбаи кор бо занон Парвина Тошева дар бораи мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа, пешгирии зўроварӣ дар оила, ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқию маънавии онҳо сухан карда, аз иштирокчиён даъват намуд, ки ба тарбияи фарзандон, интихоби касби онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунанд.

Дар мулоқот бо омўзгорону хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти асосии умумии деҳа таваҷҷӯҳи хоса ба духтарон, ба идомаи таҳсил дар зинаи сеюм ҷалб карда, ба сарварони муассиса тавсия дода шуд, ки барои ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил додани он бо мақомоти марбута ҳамкорӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>