Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем

20190409_094034

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз масъалаҳои муҳим дар вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо донишҷӯёни Литсейи касби техникии ҷамоати деҳоти Шодоба буд.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроия Рӯзиматов Д. қайд кард, ки омили асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб фориғболию бехабарӣ аз равандҳои ҷомеа, каммаърифатӣ мебошад. Инчунин, ин зуҳурот омилҳои носипосӣ нисбати мероси маънавӣ – фарҳангии ниёгони хеш, бегонапарастию қадр накардани дастовардҳои истиқлолияти миллиро бозгӯ мекунад.

Мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Машарифова М. иброз намуд, ки терроризм аз ҷумлаи зуҳуроте мебошад, ки ба тинҷию осудагии ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар дорад.

Аз иштирокчиёни мулоқот даъват карда шуд, зиракии сиёсиро аз даст надода, пойбанди ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нашаванд ва дар ободии диёру давлати хеш саҳми шоиста гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>