Об – манбаи ҳаёт

DSC_2957

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65–и Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Конфренсияи илмӣ–адабӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Рӯзиматов Д. ва мудири шӯъбаи ташкилӣ ва омори кумиҷроия  Мусоев Д. иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ хонандагон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир ба санаҳои таърихӣ, гуфторҳо, андешаҳои мутахассисон дар бораи об, маълумот дар бораи захираҳои оби Тоҷикистон, маълумот дар бораи нерӯгоҳҳои барқӣ, шеърҳо дар васфи об қироат намуданд.

Дар анҷоми ҷорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” сухан карда, таъкид кард, ки об ҳастии мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>