Ба ҳимояи Ватан омодаем

IMG_20190405_194712

Дар ноҳияи Деваштич дар вазъияти тантанавӣ 80 нафар ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд. Наваскарон аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия буда, барои ҳимояи Ватан ихтиёран ба коммисариати ҳарбии ноҳия омада, худро номнавис кардаанд.

Маросими гусел бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассамаи Сарбози Ватан ва суханронии Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон сурат гирифт. Раиси ноҳия ба ҷавонони баору номус ва волидони онҳо ҷиҳати дарки аҳамият ва зарурати хизмати Ватан сипосгузорӣ карда, барои наваскарон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Бояд зикр намуд, ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» дар баробари сохторҳои мухталиф кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзову фаъолони ҳизб низ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

То имрӯз даҳҳо мулоқоту сӯҳбатҳои ҳизбиён доири ин масъала гузаронида шуда, ба ҷавонон ва волидони онҳо қарзу фарз будани хизмати ҳарбӣ фаҳмонида дода шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>