ХАЙРХОҲИИ АЪЗОВУ ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ НИСБАТ БА “КӮДАКОНИ ОФТОБӢ”

IMG_6308

Аксияи “Хушбахтии тифлона барои “Кӯдакони хуршедӣ” натиҷагирӣ гардида, маълум шуд, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро аъзову фаъолони ҳизб самимона ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар аксия зиёда аз 1000 нафар намояндагони идораву муассисаҳо ва шахсони алоҳида иштирок карда, ба кори хайр шарик шуданд. Дар охири аксия маълум гардид, ки дар сандуқи хайриявӣ наздики 14000 (чаҳор даҳ) ҳазор сомонӣ маблағи хайриявӣ ҷамъ гардидааст. Маблағҳои ҷамъшуда барои табобату кӯмак ва умуман солимии “кӯдакони хуршедӣ” сарф карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аксияи “Хушбахтии тифлона барои “Кӯдакони хуршедӣ” санаи 10 апрели соли ҷорӣ дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир шуд.

Дар он ҳудуди 50 нафар кӯдакони дорои синдроми Даун, ё худ “кӯдакони хуршедӣ” ҳамроҳ бо волидону наздиконашон иштирок карданд. Баҳри онҳо барномаҳои ҷолиби фарҳангиву фароғатӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон, намоиши аксҳои кӯдакон, маҳорати расмкашиву ҳунармандии “кӯдакони хуршедӣ” манзур карда шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим дорад чунин аксияҳоро мунтазам амалӣ гардонида, дар солимии ҷомеа, махсусан, насли наврас ҳиссагузор гардад, зеро ин маънӣ дар барномаи ҳизб афзалият дорад.

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>