Ҳизбиёни шаҳр ҷавононро ба хизмат ташвиқ мекунанд

IMG_3354

Бо мақсади даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кормандони сохторҳои дахлдор ва раисони кумитаи маҳаллаҳо фаъолияти тарғиботиро вусъат бахшиданд.

Фаъолияти тарғиботӣ бо усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча сурат гирифта, зимни сӯҳбат бо ҷавонон ва волидону пайвандони онҳо моҳияти хизмат ба Ватан, қарзи шаҳрвандӣ будани он ибрози андеша карда мешавад. Тарғиботчиён дар ин сӯҳбатҳо ҳифзи якпорчагии диёру истиқлолият ва пойдории ваҳдати миллиро муҳимтарин арзишҳои зиндагӣ арзёбӣ карда, талқин мекунанд, ки ҳар фарди дилогоҳу хештаншинос ва ватандӯст бояд содиқона Ватанашро ҳифз намояд.

Фаъолияти тарғиботиву ташвиқотии намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар маҳаллаҳо идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>