Хуҷанд: натиҷагирӣ аз фаъолият

002

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон доир гардид, ки дар рафти он 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

Аз рўи масъалаи аввали рўзномаи маҷлиси Раёсат раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар суханронӣ намуд ва оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти кумиҷроия дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳисобот дод. Музокирчиён ва дигар аъзои Раёсат фаъолияти семоҳаи кумиҷроияро қаноатбахш ҳисобиданд.

Фармоишҳои раиси кумиҷроия оид ба баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Рўзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврўз, озод ва таъин намудан ба вазифа, сафари хизматӣ, фурўш ва харидорӣ намудани нақлиёти хизматӣ ва ҷудо намудани маблағ барои аёдати оилаҳои камбизоат дар рўзҳои ҷашнӣ тасдиқ карда шуданд.

Дар давоми семоҳаи аввали соли равон 3 адад ташкилоту муассиса – Корхонаи воҳиди давлатии Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд, муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатии «Дилоро» ва муассисаи таълимии томактабии №28 «Нурбахш» ҷиҳати таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлис баргузор намуда, барои тасдиқ қарорҳои худро ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод намуда буданд. Маҷлис ин қарорҳо тасдиқ кард.

Тазаккур дода шуд, ки давоми семоҳа ҳамчунин 453 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабул гардиданд. Дар ин радиф 213 нафар аз қайд бароварда, 26 нафар ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон, 169 нафар аз сабаби риоя накардани Оинномаи ҲХДТ ва 19 нафар бинобар вафот карданашон аз сафи ҳизб хориҷ карда шудаанд. Зимни баррасии масъалаи панҷуми рўзнома қарори ташкилотҳои ибтидоӣ ва корхонаю муассисаҳо «Оиди қабул ба аъзогӣ»-и дар давоми семоҳаи якум ба кумиҷроия пешниҳодгардида тасдиқ карда шуданд.

Баъди қабули қарор вобаста ба ҳамаи масъалаҳои рўзнома маҷлиси Раёсат бо вазифагузориҳои раиси кумиҷроия ба охир расид. Аз ҷумла, дастур дод, ки дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ дастаи футбол барои мардҳо ва волейбол барои занҳо таъсис дода, минбаъд дар як ҳафта се маротиба берун аз вақти корӣ «Рўзи саломатӣ» эълон карда шавад. Мақсад аз ин иқдом тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

 

Мардон ҚУРБОНОВ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>