Вохурӣ дар ТИ “Сино

20190411_112518

Бо иштироки мудири шӯуъбаи кор бо занон Рустамзода Қумринисо ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев дар ТИ ҲХДТ «Сино» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ перомуни татбиқи дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда ҳарф зада шуд. Ҳамчунин дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёну равияҳои ифротгароӣ матраҳ гардиданд.

Илҳом Самадов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино» баромад намуда, қайд кард, ки кормандони ташкилоти ибтидоӣ ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раҳнамои худ дониста, татбиқи босамари онҳоро ба роҳ мемонанд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба 6 нафар кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино» шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>