Бибихон Азизова – номи некаш ҷовидонист!

1554904639_5cadf63f27fa4

Ба хотири гиромидошти ёди ходими ҳизбию давлатӣ Бибихон Азизова дар яке аз маҳалҳои шаҳри Конибодом лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

Бибихон Азизова аз зумраи занони барӯманд, кордон, ташкилотчию серталаб маҳсуб ёфта, тӯли фаъолияти босамар ва чандинсолаи худ баҳри пешбурди фаъолияти ҳизбӣ саҳми арзанда гузоштаанд, — ин нукта зимни маросими лавҳагузорӣ, ки бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, раиси кумиҷроияи шаҳрӣ, пайвандон, дӯстон, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор шуд, зикр гардид. Онҳо аз хислат ва кору пайкори инсони накӯ, ходими намоёни давлатию ҳизбӣ Бибихон Азизова ёдоварӣ карда, нақши марҳумро дар пешрафти диёр назаррас донистанд.

Бибихон Азизова солҳои зиёд ҳамчун Раиси шаҳри Конибодом ва минбаъд Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд фаъолият бурда, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо ордени «Нишони Фахри», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон, медали «Барои меҳнати шоён» ва ордену нишонҳои дигар мукофотонида шудааст.Азизова

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>