Хизмати ҳарбӣ – қарзи шаҳрвандӣ!

армия

Зимни хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии Шабакаи барқи ноҳияи Ашт зикр гардид, ки хизмати ҳарбӣ ин нишонаи барҷастаи  муҳаббат ва садоқат ба Ватан аст. Мутаассифона, садоқати ватандорӣ  имрӯзҳо дар вуҷуди бархе аз ҷавонон дида намешавад. Дар ҳоле, ки давлату ҳукумат ҳамеша ба нерӯи ҷавонон такя мекунад ва ояндаи миллатро аз онҳо вобаста медонад. Барои рушди иқтисодӣ ва пешрафти кишвар сулҳу оромӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолияту ваҳдат шиори доимии ҷавонон бояд бошад, — зикр гардид дар хониши сиёсӣ.

Аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас ҳиссагузор шаванд.

Хушбахтона, имрӯзҳо ҳазорҳо нафар ҷавонони содиқ ба меҳан хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо амри дилу виҷдон ба ҷо меоранд. Маъракаи навбатии даъват низ нишон дод, ки қишри асосии ҷавонон муҳимияти қарзи ҳарбиро дарк кардаанд. Аммо, ҳанӯз ҳам пайдо мешаванд ҷавононе, ки аз хизмат саркашӣ мекунанд ва ё волидонашон монеи хизмати онҳо мегарданд, ки боиси нигаронӣ буда, набояд фаъолони ҳизб нисбати ин муаммо бетараф бошанд, -қайд намуданд баромадкунандагон, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Рузиматов Дилшод ва Шараф Тоштемиров, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>