НАҚШИ СОЗАНДАИ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ

2

Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи шӯрои собиқадорон баргузор гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон оид ба ҳадафи ҷаласа сухан карда, саҳми собиқадоронро, ки Шӯрои собиқадорони ҲХДТ онҳоро муттаҳид кардааст, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ назаррас донист.

Собиқадори ҳизб Рустам Юлдошев доир ба таҷлили 25-солагии ҲХДТ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даварони Истиқлолият” маърӯза кард. Зикр шуд, ки нақши ҲХДТ дар пойдории ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ калон аст ва он имрӯз нерӯи бузургеро мемонад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми беназир дорад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо зимни қисмати музокиравӣ Асатуллоев Р., Турсунова Д., Қосимова Ш. ва Маҳмудова Г. низ аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ сухан карданд.

Дар ҳамин ҷаласа оиди омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявӣ Охунова А., ҳарф зада, гузориши Шӯрои собиқадорони КИИ ҲХДТ дар минтақаи Хистеварз Ҷӯраева М. шунида шуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии ҲХДТ баромад кард. “Танҳо бо риояи ахлоқи ҳамида ва хиради воло мо метавонем насли ватандӯсту сазовор ба воя расонда, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна гӯруҳу ҳаракатҳо пешгирӣ намоем. Доири ин муаммоҳо собиқадорони ҳизб набояд бетараф бошанд. Бо истифода аз ақли солим дар мубориза ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб масъулият эҳсос намоем”, -илова кард Анвар Ҷалилов.

Раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Анварзода Амирҷон таъкид кард, ки дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ҳамеша ба собиқадорон такя мекунанд, зеро ин нерӯ аз таҷрибаи бузург бархурдор буда, дар ҷомеа  мавқеву мақоми хоса доранд ва ҳарфашон нишонрасу созанда аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>