МИЗИ МУДАВВАР: РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

20160101_091707

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Мактаби миёнаи умумии №9 Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен мизи муддавар баргузор гардид.

Мизи мудавварро омӯзгорон – аъзои ҲХДТ, ки шумораашон дар муассисаи мазкур аз сад нафар зиёданд, ташкил карданд.

Зимни мулоқот сармутахассиси бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Умеда Муҳитдинова оиди рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан кард.

Муаррифии шоистаи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои аҷдодӣ ва ба ин васила, беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагӣ, равнақ бахшидан ба корҳои ободонӣ дар деҳот аз мавзӯъҳои асосии мизи мудаввар буданд, ки аз ҷониби омӯзгорони муассиса таъкид ёфтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>