Хизмати ҳарбӣ – мактаби мардонагӣ

P90412-091427

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А. бо сарварони муассисаҳо ва раисони кумитаи маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр вохӯрӣ доир намуд.

Раиси кумиҷроия доир ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, даъвати ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити қисмҳои низомӣ суханронӣ намуда, ҷомеаро даъват намуд, ки ба ин масъала аҳамияти ҷидди диҳанд. Имрӯз шароити хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, он мактаби бузурги матонату мардонагӣ аст.

Зикр шуд, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ буда, ҳар як ҷавони ватандӯстро зарур аст, ки ин рисолатро баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагии миллат ба ҷо оварад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>