Аттестатсияи кормандони масъули ҳизбӣ

Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аттестатсияи кормандони масъули ҳизбӣ гузаронида шуд. Давоми ҳафта дар назди комиссияи босалоҳият донишу малакаи кории кормандони масъули ҳизбии кумитаи иҷроияи вилоят ва шаҳру навоҳӣ санҷида шуд. 

Аттестатсияи кормандони масъули ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Оинномаи ҲХДТ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани сохторҳои ҳизб гузаронида шуд.

Муайян намудани дониши сиёсии кормандон, кордонӣ, натиҷаи иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ, такмили дониш, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мувофиқатии онҳо ба мансаби ишғолнамуда, беҳдошти сифат ва самаранокии фаъолият кормандони масъули ташкилотҳои ҳизбӣ аз вазифаҳои асосии аттестатсия маҳсуб мешуд.

Қаблан, барои пурсамар гузаронидани аттестатсияи кормандони ташкилотҳои ҳизбӣ Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қарор қабул карда, комиссияи вилоятии аттестатсионӣ ташкил карда шуда буд.

Аттестатсияи кормандони масъули ҳизбӣ шаффоф сурат гирифта, ҳайати комиссияи аттестатсионӣ аз донишу таҷрибаи корбарии масъулони ҲХДТ қаноатмандӣ изҳор карданд.IMG_609411

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>