Хизмат ба Ватан – вазифаи ҷавонони банангу номус

20190110_131218

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳия мулоқот доир намуданд.

Ҳадафи ин вохӯрӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ ҳифзи якпорчагии диёр ва таҳкими Истиқлолияту пойдории ваҳдати миллиро муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандӣ донист. Вай ҳамчунин доири муаммои мубрами рӯз – терроризм ва экстремизм ҳарф зада, баланд бардоштани маърифати ҷавононро омили асосии пешгирӣ аз ин зуҳурот арзёбӣ кард.

Ҳамин гуна вохӯриҳо дар маҳаллаву деҳоти ноҳия низ бо ҷалби масъулони ҳизбӣ ба роҳ монда шудааст. Зимни мулоқот бо сокинони Ҷамаоти деҳоти Шамтуч таъкид гардид, ки ҷавонони ватандӯсти ин деҳот аҳамияти хизмати ҳарбиро дарк карда, ҷамаоти мазкур аллакай нақшаи даъватро иҷро кардааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>