Хизмат ба Ватаншараф аст!

20190403_091442

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи № 16 Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов мулоқот доир намуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Охунова А.В. дар баромади хеш қайд намуд, ки хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву шуҷоат аст.

Чунин мафҳумро бояд ҳар як ҷавони далеру ҷасур  ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, ҳамеша дар хизмати  Модар – Ватан омода бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>