Баррасии иллатҳои пошхӯрии оилаҳо

Без-имени-1

Сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва пайомадҳои ногувори он зимни мулоқот дар ташкилоти ибтидоии минтақаи Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ гардид. Ин чорабинӣ мувофиқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровсурат гирифта, мудири шӯъбаи таблиғот,иттилоот ва кор бо занонСолиева М.,мутахассиси кумитаи иҷроия Азимова О.,сардухтури беморхонаи деҳаи Зарзамин Анорбоев А., раисони шӯрои занони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки сабабҳои асосии вайрон шудани оилаҳои ҷавон дахолати бемавриди баъзе аз волидон ба ҳаёти навхонадорон,муҳоҷирати меҳнатӣ, барвақт хонадор намудани ҷавондухтарон, набудани якдигарфаҳмӣ, муносибати дағал, нобоварӣ, беэҳтиромӣ ва дар маҷмӯъ, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.

Даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба ин масъала фаъолон, хусусан аъзои ҳизб бетарафӣ накарда, ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва ҳамзамон никоҳи хешутаборӣ корбарӣ намоянд.

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, вусъат бахшидан ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон баррасӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>