Ҷалби бонувони деҳот ба ҳунаромӯзӣ

Деваштич-рушди-дехот

Кормандони шӯъбаи кор бозанони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Раҳбар Ёдгорова ва Нилуфар Носирова аз фаъолияти маркази дӯзандагии деҳаи Ғазантарак  дидан  намуданд.

Дар маркази дӯзандагӣ чанд нафар занону духтарон ба кор машғул мебошанд. Марказ барои хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғазантарак либосҳои мактабӣ дӯхта, ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ низ саҳмгузор аст.

Масъулони марказ таъкид карданд, ки бо эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои рушди ҳамаҷонибаи ҳунармандӣ шароит фароҳам омада, дар ин партав чандин марказҳои атласу адрасбофӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар ин марказҳо бонувон ба ҳунармандӣ машғул шуда, зиндагии хешро пеш мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>