ҶАНГИ МАФКУРАВӢ – ХАТАРИ МУДҲИШ

LOGO

Имрӯз хавфу тарси мардуми сайёра на аз бомбаи атомиву яроқи ядроист, балки хатари аз ин ҳам мудҳишу нигаронкунанда ҷанги мафкуравӣ, паҳншавии фарҳанг, равия ва урфу одати бегона мебошад, ки теша ба решаи маънавиёти инсон мезанад. Вақте вожаҳои «тероризм», «экстромизм»-ро мехонем ва ё мешунавем, вуҷуди моро эҳсоси нороҳатӣ ва нафрат фаро мегирад. Ашхосе, ки ба ин гурӯҳҳо шомиланд, амсоли Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдорони ӯ, барои ҳарчи зудтар ба мақсади нопок ва касифи худ расидан дар байни мардум тафриқа меандозанд, амнияту субот, оромии ҷамъиятро халалдор месозанд ва одамонро ба таҳлукаву тарсу ваҳм равона мекунанд. Ин гурӯҳ пеш аз ҳама ба шахсоне, ки ақидаҳои исломиро бовар доранд, ҳадафҳои ғаразноки худро ба кор мебаранд.

Аз ин рӯ,  ҷавонон бояд дар ҷомеаи мутамаддин бештар  фаъол бошанд, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ирфротӣ шомил нашаванд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бошанд. Аз осори бузургони илму адаби тоҷик, ки саршори панду андарз ва раҳнамои роҳи рост ҳастанд, омӯзанд ва дар мавридҳои зарурӣ ба кор баранд. Содагиву сабукандешӣ, зудбовариву доираи танги ҷаҳонбинӣ ғайр аз пушаймонӣ ҳосиле надорад ва ҳар лаҳзаву ҳар рӯз оҳу афсӯсро ба миён меорад.

Медонем, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳизби наҳзати исломӣ баъд аз ниқобро аз рӯяш гирифтан ва фош кардани амалҳои номатлуб бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ҳизби хиёнатпеша ва мамнӯ эълон шудааст. Аммо боз ҳам баъзе аз аъзои ин ҳизб ба ҷиноятҳои хусусияти терористию ифротгароидошта даст мезананд. Хиёнат ба Ватан, ба арзишҳои поки инсонӣ бадтарин амал ба ҳисоб меравад. Ҳақ ба ҷониби Сайидост, ки дар ин бора чунин гуфтааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Ин гуфта ба хиёнаткори миллати тоҷик, шахсе ки Ватан, имон, виҷдон ва номусашро фурӯхтааст, роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дорад. Имрӯз ин хоину намакношиноси миллати тоҷик, ки дар зоҳир бо мардум дигар сухан меронду дар хилват ба амалӣ кардани нақшаву ниятҳои нопокаш машғул гашта, шармандавор аз Ватан берун рафт ва дарбадар гаштаву тамаллуқкориву чоплусӣ ва лагандбардориро назди хоҷагони бегонааш пеша кардааст.

Ҳамин тавр, мо – ҷавононро месазад, ки аз вазъи имрӯзи ҷаҳон, раванди тезутундшавии манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, паҳншавии ифротгароӣ огоҳ бошем ва барои ҳифзи манфиатҳои миллати хеш бикӯшем.

                   Лоиқ Тӯйчиев,

ноҳияи Деаштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>