НЕКАНДЕШ МЕБОЯД

LOGO

Дар ин даврони ҷаҳонишавӣ ҳамарӯза садҳо ва ҳазорҳо иттилооти гуногун дар расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ пахш мешаванд. Ба қавле, имрӯз иттилооти мухталиф инсонро ҳамеша ба худ ҷалб менамояд ва ин бесабаб нест, зеро ин талаботи инсон аст, ки мехоҳад ҳамарӯза иттилооти ҷолибе бишнавад. Аммо, мутаассифона дар шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамагуна андешаҳоро мушоҳида намудан мумкин аст, ки баъзан шахси солимфикрро ба андеша кардан водор месозад. Дар ин замина нуктаеро набояд фаромӯш кард, ки он андешаҳои пучу бемаънӣ ки дар баъзе сомонаҳо зикр мегарданд ва аз онҳо танҳо бӯи ғараз, бадгӯӣ меояд, ҳаргиз мақбул намегарданд.

Имрӯз муҳим ва зарур аст, ки ҳар яки мо зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, диду нигоҳи худро дошта бошем. Ва ин диду нигоҳи мо ба он мусоидат намояд, ки ҳама дӯстдори ин меҳани маҳбуб бошему чароғи худшиносиву худогоҳии миллиро ҳамеша фӯрузон нигоҳ бидорем. Равшан аст, ки ҳар инсони соҳибхираду солимфикр андешаву ҷаҳонбинии худро дорад ва он ҳама андешаҳои зиёновар наметавонанд ба шуури мафкураи ӯ таъсире расонанд. Имрӯз муҳим ва зарур аст, ки барои ободиву рушду пешрафти кишвар андеша намоему барои боз ҳам бештар обод намудани кишвар сайъу талош созем ва шукронаи ин сарзамини ободу зебо намоем. Хуллас, набояд фаромӯш созем, ки андешаи мо ин ҳама ҳаёту зиндагии мост, пас бошад, ки андешаҳои созанда моро ҳамеша дар зиндагӣ ҳамсафар бошаду роҳнамои зиндагии хурраму ободи мо гардад. Пас, некандешу некгуфтору неккирдор бимонед.

Садорати факултети филологияи тоҷики

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>