Рў ба рў бо мардум

LOGO

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент силсилаи вохӯриҳоро дар Ҷамоати деҳоти Чинор идома дод.

Аз ҷумла, дар толорҳои муассисаҳои таълимии деҳаҳои Чинор, Нуристон ва Шаршара бо иштироки сокинон, омўзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, муовини раиси кумиҷроия, мудири шўъбаи кор бо занон Парвина Тошева, мудири шўъбаи кор бо ҷавонон Мавлуда Тоҷиева оиди иҷрои талаботҳои қонунҳо ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарбияи эҳсоси худшиносию ватандўстии ҷавонон, даъват ба хидмати ҳарбӣ суханронӣ карданд.

Тибқи нақшаи кумитаи иҷроия чунин мулоқоту сўҳбатҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот баргузор мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>