Спитамен: вохӯрӣ бо фарҳангчиён

LOGO

Ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар китобхонаи тозабунёди марказии ноҳияи Спитамен ҷамъомад доир гардид.

Раиси шӯрои собиқадорони КИВ ҲХДТ  Анвар Ҷалилов перомуни ҳифзи истиқлолияту ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон сухан кард.

Собиқадори ҳизбу меҳнат Ҳамро Атаева, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ Фирӯза Раҳимӣ ва муҳаррири масъули рӯзномаи “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода аз фаъолияти устувору ибратбахш ва нақши муҳими ҲХДТ ҳарф заданд.

Дар ҳамин мулоқот ба 20 нафар фарҳангчиён, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>