Таваллудхонаи вилоятӣ: 49 нафар аъзои ҲХДТ шуданд

LOGO

Дар ташкилоти ибтидоии таваллудхонаи вилояӣ вохӯрӣ доир гардид. Зимни ин вохӯрӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, хоса пешравиҳои соҳаи тандурустӣ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки дар кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи солимии ҷомеа эътибори махсус зоҳир гардидааст. Туфайли рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ соҳаи тандурустӣ низ пешрав гардида, ин ҳама аз тинҷиву осоиштагии диёр маншаъ мегирад. Имрӯз яке аз роҳҳои вусъатбахшӣ ба дастовардҳо ҳифзи якпорчагии диёр аст. Бо ишора ба ин масъала таъкид шуд, ки мутассифона имрӯз гурӯҳу ҳаракатҳое арзи вуҷуд кардаанд, ки ба осоиштагии мамлакат халал ворид месозанд. Аз хатарҳо ва пайомадҳои экстремизм ва терроризм ёдоварӣ карда, онро зуҳуроти номатлуби аср арзёбӣ намуданд. Аъзои ташкилоти ибтидоии муассиса гуфтанд, ки новобаста аз касбу кор ва вазифа ҷомеа бояд баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб кӯшиш намояд.

Дар идомаи вохӯрӣ аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки барои зиндагии шоистаи халқ равона гардидааст, ёдовар гардида, аъзои ташкилоти ибтидоӣ қавл доданд, ки барномаи ин ҳизби раҳнаморо сармашқи кори худ қарор медиҳанд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба 49 нафар аъзои нави ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>