Вохӯрӣ бо мақсади татбиқи Паём

LOGO

Намояндагони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ин ноҳия вохӯрӣ доир намуд.

Одилзода Рустам, раиси кумитаи иҷроия оиди ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳадафи чаҳоруми олӣ – саноатикунонии босуръати кишвар андешаҳояшро баён кард. Гуфта шуд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо заминаҳо вуҷуд дошта, танҳо меҳнати дастаҷамъона тақозо мешавад.

Вай аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои барномавии он, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ёдовар гардид. Дар баробари ин, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои ифротиро яке аз роҳҳои ҳифзи амнияту субот арзёбӣ карда, тарбияи насли наврас бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллиро зарур шуморид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>