Вохӯрӣ бо собиқадорони ҲХДТ

LOGO

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии навбатии аъзои шӯрои собиқадорони ҲХДТ баргузор гардид.

Анвар Ҷалилов, раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оиди ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастӣ суханронӣ намуд. Анвар Ҷалилов аз собиқадорони ҳизб даъват ба амал овард, ки байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, раиси шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳияи мазкур Мавлонқул Бойтемиров низ доир ба ин масъала андешаҳояшонро зикр карданд.

Дар рафти вохӯрӣ дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта, ҳамзамон, доир ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёну равияҳои ифротгаро суханронӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>