МУЗДУРОНИ ЭРОНӢ – ПУШТИБОНИ КАБИРӢ

LOGO

Одами солимақл ҳам медонад, ки зиндагӣ дар Аврупо бе меҳнату машаққати сангин амрест маҳол. Муҳиддин Кабирӣ ва ҷамъи ёронаш натанҳо он ҷо кор мекунанд, балки фаъолияташон барангехтани кинаву адоват, паҳн кардани фитнаву надомат ва ниҳоят бар гардани кишвар бор кардани тӯҳмату бӯҳтонҳо мебошад. Худ маълум, ки ӯву ҳизбаш чун зулук молу сарвати хоҷагони эронии худро макида, бар ивази ин “подошҳояшон” ба роҳбарияти олии шиамазҳабон ҳамарӯза гузориш медиҳанд.  Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи калон дорад. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсиаш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамояд. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад.

Хонандагони азиз агар нағз дар хотир дошта бошанд, ҷониби наҳзатиён дар остонаи таҷлили солгарди ҷашни  Ваҳдати миллӣ ҷор заданд, ки дар таъмини амният сулҳу суботи сартосари нақши Ҳизби наҳзати ислом калон аст.  Бале, мо инро инкор намекунем, ки сулҳи деринтизор дар сурати ҳамдигарфаҳмии ду тараф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътилофи миллӣ рӯи даст омад. Наҳзатиён хуб медонанд, ки роҳбарияти олии кишвар, шахсан Президент то дами марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ пайваста аз ҳолаш хабар мегирифтанд. Ва ҳамчунин мувофиқи бандҳои Созишнома 30 фисади вазифаҳои давлатӣ бар дӯши намояндагони эътилофи миллӣ гузошта шуда буд, аммо аксаран умедҳои мардумро бароварда карда натавонистанд. Таърих гувоҳ аст, ки  соли 1998 барои ба пешвози Сайид Абдуллоҳи Нурӣ набаромадани собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Собир Бегиҷонов, ки аз эътилофи миллӣ ба ин мақом расида буд, ба қатл расонида шуда буд. Зеро ин раиси ноҳия дар ҷараёни роҳбарии худ дар ин ноҳия эҳсос кард, ки амалкарди мухолифин ва баҳои онҳо нисбати давлатдории  кунунӣ пурра нодуруст аст. Чунин қатъият ва моил шудани он ба ҷониби Ҳукумати кунунӣ ба наҳзатиён нафорид. Ин нафарон чӣ гуна Худою Расулро ба забон мегиранд, ки худ даст ба куштор мезананд.

Ин аст оини “ватандорӣ”-и наҳзатиён, ки мардумро ба инсондӯстию эҳтироми Ватан гӯё талқин мекунанд.

Баръакси ин гуфтаҳо роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кадомин шароите, ки набошад, мардумро ба сабуриву таҳаммулпешагӣ, бахшидани гуноҳи якдигар даъват мекунанд. Мо бояд фаромӯш накунем, ки расидан ба  сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, осудагиву якдилӣ, якмаромиву иттиҳод, ҳамзистиву ҳамаромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.  Мо бояд ҳамагуна бӯҳтон ва тӯҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмӯъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидааст, маҳкум намоем ва нагузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.

Бакаев М.Ҳ.,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>