Ғолибияти варзишгарон

1555596782_5cb885ee1a077

18-уми  апрели соли ҷорӣ Чемпионати Тоҷикистон (дар  минтақаи Суғд) оид ба футбол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  баргузор гардид. Дар он  дастаи футболбозони Мактаби махсуси футболи шаҳри Конибодом бо дастаи ноҳияи Зафаробод қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 6:2 ғолибият ба даст оварданд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳайати даста аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ низ шомил буданд.

Иштироки дастаи футболбозони ҷавони шаҳр дар мусобиқаи футбол ба рушди футбол ва дар маҷмӯъ соҳаи варзиш мусоидат хоҳад кард.

Шоистаи зикр аст, ки барои сафарбарнамоии ҳайати дастаи футболбозони шаҳр ба шаҳру навоҳӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ  роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Сафар-Канд» онҳоро пайваста бо нақлиёт таъмин менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>