ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ИМОН АСТ

LOGO

Яке аз вазифаҳои муҳим ва қарзии ҳар як фарди баору номус ин пеш ҳама ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии давлату миллати худ аст, на бегонагон. Албатта дӯст доштани Ватан, хоки муқаддаси он арзишҳои умумибашарии он аз имону виҷдони мардигарист. Аз ин ҷост, ки Сарвари оқилу хирадманди тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми саодатманд ва ваҳдатшиори кишварро ба худогоҳии миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар шинохти асолати ватандорӣ талқин менамоянд, ки : “…Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад…”. Дар  ҳамин радиф мо бояд масъулияти хешро бар зидди онҳое, ки ба ҳар восита гиромидошти арзишҳои миллии моро халалдор месозанд, бештар намоем. Чунки нохалафоне ҳастанд, ки пешравии миллати моро чашми дидан надоранд.

Имрӯз мо аз қувваи заифи ин душманон наметарсем ва муборизаи алайҳи ин нохалафон аз тарсу табоҳ нест, балки ташвиш аз он дорем, ки ҷавонони мо гумроҳ нагарданд ва ҳаёти ҷавони худро дар майдонҳои набарди кишвари бегона сипар насозанд. Ин аст ҳадафи асосии мо дар мубориза ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро.

Мо бояд як чизеро дарк намоем, ки оё Кабирӣ он сармояву молу мулки мусодирашудашро аз кадом тиҷораташ ҷамъ оварда бошад? Аз тиҷорати ташкили ҳизб ва ташкилотҳои мазҳабӣ ва ё гаравиши ҷавонон ба ташкилоти терористӣ ва чун бад ин васила аз хоҷагони хориҷиаш “дастранҷ”–е барои ин кори худ меситонад. Мардумро бо ин лаҳни “орому меҳрубонона” фиреб кардани ҳастӣ, ки бигузор мусодара кунанд ва мактаб созанд. Охир боре фикр кун, ки ту ҷигарбандони онҳоро гумному бенишон ва қотил сохтӣ. Магар бо ҳамин суханоне, ки ҳатто аз вирди забонат ларзон – ларзон мебарояд, захми дили онҳоро пок месозад магар. Ҳоло агар тавони онро дошта бошӣ боре худро дар тарозуи аламу доғи дили дилшакастагон баркаш баъд мефаҳмӣ, ки ин ҳиллагариҳои ту ягон маъное надорад. Зеро ин дӯстдориву меҳрубониҳои ту аз имон нест, балки барои манфиати худат равона шудааст.

Шамшод Алиев,

аъзои фаъоли КИ ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>