БИКӮШ ОТАШИ ХУРД ПЕШ АЗ ГАЗАНД

LOGO

Марди хоксору рӯзгордида, ки ҳамсафарамон буд, аз сӯҳбати мо илҳом гирифта, чунин изҳори ақида кард: “Хонашон сӯзад наҳзатиҳо… Онҳо ман барин камсаводҳоро ёфта, хуб истифода бурда, ба гумроҳӣ бурдаанд. Ман синфи 8-ро тамом карда ба деҳқонӣ машғул шудаам… Бо пешниҳоди мулло фарзандамро наздаш барои таҳсил фиристонидам. Дере нагузашта писраи 12-солаам маро маломат кард: “Ту риш намемонӣ ва куфт мекунӣ”

         Беихтиёр солҳои аввали муноқишаҳои дохилии ватанамон пеши назарам омад. Муборизаи сиёсӣ барои роҳ ёфтан ба парлумон. Чӣ ифлосиҳо ва чӣ роҳҳои макр истифода мешуданд.

Муҳиддин Кабирӣ чор даъват дар курсии бароҳати парлумон нишаста, аз тамоми имтиёзҳои намояндагӣ истифода бурд, аммо саҳме барои пешрафти ҷомеа нагузоштааст. Ҳизби наҳзати исломиро таъсис дода, ҷавонони гумроҳро ба дом афтонида, аз хонаву дар ва падару модарашон ҷудо мекарданд. Ҳоло “лидерҳои ватандӯст” фирори марз карда, хизматгори хоҷагони хориҷӣ шуда, дасисабозӣ мекунанд.

Аз нигоҳи дигар муҳити атроф, оила ва дӯстони наздик бояд бетараф набошанду барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби ҷавонон корбарӣ намоянд. Ва набояд фаромӯш кард, ки ҷинояткору хиёнткор ҷойе дар байни мардуми аҳли фаҳм надорад. Ҳар як хиёнаткорон бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Зеро дар озодӣ онҳо метавонанд, мафкураи чандин ҷавононро вайрон карда, ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намоянд.

Мо аҳли заҳмати Тоҷикистони биҳиштосо намегузорем, ки хоинони миллат аз дур ба сари мо санги маломат партоянд ва мегӯем: “Эй Ватандорон биёед бо амалҳои нек баҳри пешрафти Ватан саҳм гузоред. Набояд фаромӯш кард, ки Маҳмуди Ғазнавӣ, шоҳи ҷоҳил барои пирӯзии сиёсаташ “дин”-ро пеш оварда буд ва Рустами Фаррухзод нигоштааст:

Зиёни касон аз пайӣ суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш.

Чу бисёр аз ин достон бигзаранд,

Касе сӯи озодагон нангаранд.

Бирезад хун аз пайи хоста,

Шавад рӯзгори меҳан коста.

Ниёзбибӣ ЗОҲИДОВА,

омӯзгори МТМУ №19

аъзои намояндагии ТҶҶ

 “Созандагони Ватан”-и

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>