МО, ҶАВОНОН, ОЯНДАСОЗИ ТОҶИКИСТОН ҲАСТЕМ

LOGO

Дар китоби муқаддаси зардуштиён ”Авесто” оварда шудааст: ”Хушбахт касест, ки ба дигарон хушбахтӣ меоард”. Оре, хушбахт касест, ки ба дигарон хушбахтӣ меорад, касест, ки медонад рисолати ў дар чист; онест, ки хизмати Ватан – модарро адо кардааст; онест, ки барои рушд ва устувории меҳани худ саҳм гузоштааст!

Бадбахтона, айни замон шахсонеро низ дидан мумкин аст, ки ба мардум танҳо бадбахтӣ меоранд ва бадбахтӣ мехоҳанд. Инҳо худ бадбахтанд! Ин гуна шахсонро мо бо номҳои “террорист” ва ”экстремист” мешиносем. Пас, террорист кист? Маънои экстремист чист ва он чӣ гуна зуҳурот аст?

Террорист ва экстремист мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудаанд ва онҳо ба ҳам пайваст мебошанд. Истилоҳи “терроризм” аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш ”тарс” ва ”ваҳм” мебошад. Террористон шахсоне ҳастанд, ки барои расидан ба мақсади худ бо роҳи тарсу ваҳм, куштор ва зўроварӣ одамони бесаводу аз фарҳанг бехабарро ба худ тобеъ мекунанд.

Экстремизм аз калимаи франсузии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ ва аз ҳад, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳуроти тундравона метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар илм, сиёсат, дин, идеология ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Онҳо бо ин гуна амалҳои худ шахсонеро, ки дорои иродаи сустанд, ба мушкилиҳои ҳаёт тобовар нестанд, дар зиндагӣ мақсади аниқ надоранд, дар дил ҳисси ватандўстӣ надоранд, соддалавҳона фикр мекунанд, тарафдори ҳар гуна ақидаҳои чаласаводи диндорон ҳастанд, метавонанд зуд ва осон ба доми худ кашанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: ”Дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд карданд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад”. Воқеан ҳам, чӣ хеле ки дар афкори бузургон омадааст,

“Дини беилм маъюб ва илми бедин кўр аст”.

Пас, биёед, ҳамсолон – ҷавонони Тоҷикистон, мо худро худамон идора кунем, тарбият намоем, иродаи худро мустаҳкам кунем, ба ҳар гуна шахсони бегонаву ношинос бовар накунем, ба ақидаҳои ҳар гуна чаласаводони “диндор” гўш надиҳем, ба пеши худ мақсад гузорему барои расидан ба мақсад кўшиш намоем, хонем, дониш андўзем, то ки Парчами Тоҷикистони азизамонро дар тамоми дунё, дар тамоми соҳаҳо баланд бардорем ва дар ҳамаи ин шароитҳо фарзанди арзанда шавем. Аз рўи ҳидояти Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ”Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст” амал намуда, парчамбардори Тоҷикистон бошем.

                                                                                                                         Шоҳида БОЙҚӮЗИЕВА,

                                                                                      донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>