ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

46778994135_2bb059c375_o

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр – Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Чин самимона истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ба ин кишвар ташриф оварданд.

Дар кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.

Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Форум иштирок ва суханронӣ карда, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва сарони як қатор кишварҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.
president.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>