Маҳфил таҳти унвони “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз”

IMG_20190425

Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Сирдарё»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маҳфили навбатӣ таҳти унвони «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз» баргузор гардид. Дар он оилаҳои барӯманд, собиқадорони ҳизб, ҳунармандон ва ҷавонон иштирок намуданд. Мақсад аз доир намудани маҳфил баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, эҳтироми  насли калонсол ва собиқадорони ҳизб, рушди ҷомеа дар раванди рӯзғордорӣ, эҷодкорӣ, ҳунармандӣ, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами шахсони барӯманд дар шаҳру шаҳракҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, тайёр  намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ  Ҷамолиён Муслимахон, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Муяссар Раҳимова, мудири  бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандони шаҳри Гулистон  Маҳмудзода Наргис Муним  дар маҳфил иштирок намуда, перомуни мавзӯҳои баррасишуда суханронӣ намуданд.

Барномаҳои адабӣ- фарҳангӣ ба маҳфил ҳусну таровати хоса бахшида, табъи иштирокчиёнро болида намуд.

Дар интиҳо ба як қатор оилаҳои барӯманд, бонувони фаъоли ҲХДТ, оилаҳои ҷавон тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>