Мулоқоти «Созандагони Ватан» бо донишҷӯён

20190

Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ҷамъомади донишҷӯён барпо гардид, ки дар он роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов иштирок намуд. Ҳафад аз баргузории чунин вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии донишҷӯён, ҳисси ватандӯстии онҳо, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.

Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа ва терроризму экстремизм суханронӣ намуд. Бо ифтихормандӣ ва бовариву эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ки ҷавононро дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, озодихоҳӣ ва ватанпарастӣ тарбия намуда, ҳар нафар бояд, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>