Истаравшан: Ҷамъбасти мусобиқаи футболи духтарон

Истаравшан3

Бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан байни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи футбол гузаронида шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ дар толори варзишии  Гимназияи №1 ба номи академик Аҳрор Мухторов баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150  нафар омӯзгорон, толибилмон, фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан» инчунини мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар  вилояти Суғд Фирдавс Саидов ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Суғд  Дилафрӯз Ҷамолова иштирок намуданд.

Ҷамъбасти мусобиқа нишон дод, ки ҷойи якумро футболбоздухтарони МТМУ №2, ҷойи дуюмро футболбоздухтарони МТМУ №14 ва ҷойи сеюм насиби футболбоздухтарони Гимназияи №1 ва МТМУ№ 5 гардид.

Дастаҳои ғолиб ва устодон бо диплому сипоснома ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>