Хидмат ба Ватан қарз аст

IMG_20190411_110856

Кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон корҳои тарғиботиву  ташвиқотиро байни шаҳрвандон оид ба ҷавонони синнусоли даъватӣ баҳри хидмат ба Ватан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар маҳаллаҳо, шаҳракҳо бо шаҳрвандон, раисони маҳаллаҳо ва шахсони масъул корбарӣ намуда истодаанд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи шаҳрӣ Муяссара Раҳимова бо шахсони масъули маҳалла ва кӯчаҳои шаҳраки Сирдарё  зимни сӯҳбат қайд намуд, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди ҷавононро водор намудааст, ки бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан раванд.  Зикр карда шуд, ки хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як ҷавонмард аст.  Байни аҳолӣ, падару модарон, ҷавонон,  корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва омодагӣ ба ҳарбиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан, ҷавононро  баҳри хидмат ба Ватан омода сохтан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд мебошад. Ба шахсони масъули маҳаллаҳо таъкид карда шуд, ки дар маҳаллаҳои худ корбариро дар ин самт дуруст ба роҳ монда,  ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳимояи Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ дониста, баъд аз гирифтани даъватнома барои хидмат ба Ватан саривақт ҳозир шаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>