Зираку ҳушёр бояд буд

IMGL0762

Барои идора ва пешбурди  ҳар қавму миллат  ва давлату кишвар фарди бузурге аз миёни мардум баргузида мешавад. Ба бахти мардуми мо дар иҷлосияи 16 — уми (Даъвати 12 — ум) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Ӯ аз аввали рўзҳои роҳбарияш ба мардум ваъда дод, ки: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» ва ба аҳди худ вафо кард. Барномаи асосии роҳбари давлат барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлат, кафолати хуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ мебошад

Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирўзи кишвари моро бо вазъи имрўзи қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон дар ҳар гўшаву канори он ба назар мерасад.

Вале имрўз баъзе гурўҳҳои алоҳидаи ғаразноку  манфиатхоҳ мехоҳанд, ба василаи дин ба шуурии динии мардум, ба хусус ҷавонони мо таъсир расонида, ваҳдати миллии моро барҳам зананд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро дар замири мардум коранд. Баъзе ҷавонони сустиродаи мо, ки дониши кофӣ надоранд, ба доми мубаллиғони гурӯҳҳои ғаразноки ифротӣ меафтанд, ҳаёти худро ба хотири як лаҳзаи дилхушӣ зери хатар меандозанд. Тибқи ахбори расонаҳои расмии кишварамон ҷавонони зиёди фиребхўрда дар ҷангҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва сиёсие, ки дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ, ба хотири ба даст овардани қудрат ва тақсимоти дороиҳои ҷаҳон идома дорад, ширкат мекунанд. Волидони онҳо аз ин амали ношоистаи онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Мо бояд ба қадри тинҷиву амонӣ бирасем. Дар хотир дошта бошем, ки барои гумроҳ намудани мардум ва аллалхусус ҷавонон, бадхоҳони миллат ҳама роҳу василаро истифода мебаранд. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки таблиғоти гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пурра дурўғ буда, ҳадафи онҳо рехтани хуни мусулмонон мебошад.

Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри ваҳдат мерасанд. ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромўш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рўзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурўҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд.

Бинобар ин, вазифаи муқаддаси ҷавонони мо аз он иборат аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба хотири ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлоли миллӣ ва амнияти саросари кишвар бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза баранд. Боварии комил  дорам, ки дигар моро ҳаргиз ягон бадхоҳи давлату миллат фирефта наметавонад.

 

Шерзод РАҲМАТОВ,

мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>