Мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳамқадами саодати Ватан» бахшида ба 25 – солагии таъсисёбии ҲХДТ

25с

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ташкилоти ибтидоии МДТ ЛКТСК -и ноҳия мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ҳамқадами саодати Ватан» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷрояи вилоятӣ Фирӯза Раҳимӣ, аъзоёни Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шуҷоат Ҳасанова, Моҳира Раҳимзода, Манучеҳра Кенҷаева ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Туйғун Шарифзода, ҳамчунин бонувони фаъоли  аъзои ҲХДТ иштирок намуданд. Бояд зикр намуд, ки чорабинӣ ба 25- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, дар мавзӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус нақши занон дар пешрафти ҳаёти ҷомеа табодули афкор сурат гирифт.

Дар баромадҳо аз бахшҳои гуногун қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз замони таъсисёбиаш рисолати бар дӯш доштаро сарбаландона иҷро намуда, иттиҳоди сернуфузу созандаро ташкил додаст. Ҳар як узви ҳизб дар татбиқи Барномаи ҲХДТ саҳми босазо гузошта, барои таҳкими ваҳдату суботи сартосарии Тоҷикистон татбиқи ҳадафҳои олию стратегии мамлакат, рушди устувори иқтисодӣ зери ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар ин ҷода, хусусан, занону бонувон  нақши созгор доранд.

Нотиқон қайд намуданд, ки имрӯз бонувоне, ки аъзои фаъоли ҲХДТ мебошанд, дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ фаъолият намуда барои баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ талошҳо мекунанд. ҲХДТ низ ташабускор ва ҷонибдори ҳамаи иқдомоти созандаи занон мебошад.

Мизи мудаввар бо ҳусни тафоҳум ва андешарониҳои судманд анҷом ёфта, дар охир ба якчанд нафар ҷавондухтарони фаъол, ки тоза ба сафи ҲХДТ дохил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>