Узви ҲХДТ будан масъулият аст!

P_20190426_

Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 14 нафар омӯзгорони ҷавони Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳия, ки барои дохил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аризаи худро пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам зимни супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аъзои навро табрик гуфта, барояшон дар иҷрои масъулияти бузург – амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ комёбиҳо таманно намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сафи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзояд. Ин натиҷаи татбиқи босамари барномаву ғояҳои ҳизбӣ ва ҳосил шудани эътимоди мардум нисбат ба ҲХДТ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>