Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм

1-1

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии   Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии   Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии   Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд  дар баромадашон роҷеъ ба таърихи пайдоиши гурӯҳҳои ифротӣ ва созмонҳои террористӣ маълумот дода, доир ба ин масоили мубрами рӯз андешаҳои хешро баён намуданд. Аз ҷумла қайд карданд, ки  масъалаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас ҷихати таъмини амният, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифратгароӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон баромадкунандагон оид ба шомил шудани ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ, гурўҳҳои экстремистӣ бемасъулиятии волидайн дар тарбияи фарзандон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва оқибатҳои он, нодуруст истифода бурдани шабакаи интернет ва пешгирии ҷинояткорӣ изҳори назар карда, ҳамагонро баҳри мубориза ва пешгирии ин падидаҳо даъват карданд.

Мулоқот дар фазои озоду ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Донишҷўён ба суолу пешниҳоди худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>